01:18 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ҳарчанд кишоварзони тоҷик дар сададанд соли ҷорӣ ҳосили ғалларо зиёд кунанд, воридоти гандум аз хориҷа ба Тоҷикистон коҳиш нахоҳад ёфт, мегӯянд дар вазорати кишоварзӣ.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Аз сабаби он ки шираи гандуме, ки дар Тоҷикистон тавлид мешавад, андак аст, воридоти ғалладона аз Қазоқистон ҳамчунон идома меёбад, гуфт вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров дар нишасти матбуотӣ.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 547 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 59,3%-и онро гандум ташкил медиҳад.

"Тавре мо интизор доштем, кишти баҳорӣ хуб анҷом ёфт. Дар 127,2 ҳазор гектар кишт анҷом дода шуд, ки ин рақам дар муқоъиса бо соли гузашта 21,1 ҳазор гектар бештар аст. Мо ҳосили хубро интизорем, аммо ба ҳеч ваҷҳ воридоти гандуми қазоқиро коҳиш намедиҳем",- гуфт вай.

Вазир зикр кард, ки гандуми Тоҷикистон шираи кам дорад ва маълум аст, ки вобаста ба сатҳи ширадории гандум талабот барои нонпазӣ боло меравад. Барои ҳамин гандуми таҳҷоиро бо гандуми сахти воридотӣ якҷоя карда, натиҷаи зарурӣ ба даст меоваранд.

Тибқи маълумоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ғалладона ва орд аз маҳсулоти аслии воридотии кишвар маҳсуб мешаванд. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2015 ба ҷумҳурӣ 242, 2 ҳазор тонна гандум бо қиммати $286 барои ҳар як тонна ва 47,2 ҳазор тонна орд бо нархи $403 доллар барои ҳар тоннаи он ворид карда шудааст, ки дар муқоъиса бо моҳҳои апрел-январи соли 2014 мутаносибан ҳудуди 3,9% ва 33,3% камтар мебошанд.

Соли 2014 дар Тоҷикистон ҳудуди 800 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуда буд. Кишоварзон тасмим доранд дар соли ҷорӣ миқдори бештари ҳосили гандумро ҷамъоварӣ кунанд.

Мавзуъ

Тоҷикистон воридоти гандум ва ордро коҳиш медиҳад
Барчаспҳо:
увлавияти гандуми тавлиди Қазоқистон, вазорати кишоварзӣ, Маҳмадтоир Зокиров, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ