05:53 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Хиёбони Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Раиси БМТ: амалиёти номунсифона ба “уфти” 20%-и қурби сомонӣ боъис шуд

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Танзимкунандаи бозори молии Тоҷикистон дар садад аст сиёсати ҷилавгирии шадид аз тиҷоратҳои номунсифона дар бозори “сияҳ” идома диҳад ва нуқоти табодули арз бояд таҳти назорати муъассисоти қарзӣ фаъолият кунанд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Қурби пули миллии Тоҷикистон сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 нисбати доллари ИМА 19,6% пойин рафт ва ин натиҷаи тиҷорати номунсифона дар бозори арзии кишвар мебошад, изҳор дошт раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотии 21 июл.

Вай тавзеъ дод, ки афзоиши сареъи қурби доллари ИМА дар ҷумҳурӣ ба авомили беруна рабт дорад, ба вижа бо вазъи фаромиллии сиёсии сангин дар Русия ва номуназзамии иқтисоди дар кишварҳои аслии шарики иқтисодии Тоҷикистон вобаста аст.

"Қурби доллар дар иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро кишвари мо умдатан воридкунанда мебошад. Мо талош мекунем, ки бозори арзиро танзим ва аз амалиёти номунсифона ҷилавгирӣ кунем. Ин амалҳо буданд ва "бозори сияҳ" бо истифода аз талаботи зиёд ва ҳароси аҳолӣ қурби асъорро мушаххас мекард", — зикр кард раиси БМТ.

Агар дар оғози сол қурби $1 баробари 5,31 сомонӣ бошад, дар авохири нимсолаи аввал қиммати он то 6,54 сомонӣ баланд рафт. Ин дар ҳолест дар авосити баҳор қурби доллар то 6,75 сомонӣ боло рафта буд. Тағйироти қурбӣ дар миёни тоҷирон норӯшанӣ андохта ба афзоиши қимматҳо мунҷар шуд.

Нурмуҳаммадзода зикр кард, ки БМТ бо назорати бозори арзӣ аз уфти бештар ҷилавгирӣ кард, вагарна ин амр метавонист ба бӯҳрони молӣ мунҷар шавад.

"Ин амр ғайримумкин аст, зеро уфти қурби сомонӣ маснуъӣ буд. Бозигарони бозори арзӣ, нуқоти ӯайрирасмии табодули арз аз ин вазъ суди ҳангуфте ба даст оварда талош мекарданд, ки вазъи кишварро ба ҳам зананд. Миқдори зиёди нуқоти ғайрирасмии табодули арз дар шимоли кишвар фаъол буданд. Мо тӯли як моҳ 700 чунин нуқотро масдуд кардем", — гуфт вай.

Раиси БМТ аз иқдомоти раҳбарияи қаблии Бонки миллӣ, ки ба масдуд кардани куллияи нуқоти хусусии табодули арз, ки ба болоравии маснуъии қурб роҳ додаанд, ҷонибдорӣ кард.

"Мо мехоҳем, ки куллияи нуқоти табодули арз дар чаҳорчӯби муъассисоти қарзӣ фаъолият дошта бошанд. Аз моҳи март то моҳи июн 1500 нуқоти табодули арз тавассути бонкҳо номнавис шуданд", — хабар дод Нурмуҳаммадзода.

Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон тиҷорат бо арзи хориҷӣ қатъиян мамнӯъ аст ва афроде, ки ин муқарраротро нақз мекунанд тибқи қонун муҷозот мешаванд ва Бонки миллӣ иқдомот барои аз бастагии доллар берун кардани иқтисоди кишварро рӯйи даст мегирад.

Дар ҳамин ҳол қурби евро ва рубли русӣ дар нимсолаи аввал дар муқоъиса бо доллари ИМА мутаносибан 8,8% ва 31,8% пойин рафтаанд.

Мавзуъ

БМТ ба нуқтаҳи хусусии табодули арз фурӯши долларро манъ кард
Барчаспҳо:
нишасти матбуотӣ, танзими молӣ, қурби асъори миллӣ, идомаи иқдомоти БМТ барои танзими бозори арз, БМТ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ