Вазорати энержӣ: ба қисмати тоҷикии CASA-1000 $320 млн ихтисос шудааст

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЗеристгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Зеристгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маболиғи зарурӣ барои иҷрои қисмати тоҷикистонии тарҳи CASA-1000 ихтисос шудаанд ва ҳамакнун зарур аст аснодро бо ширкаткунандагони дигари ин тарҳ ҳамоҳанг карда иҷрочии онро интихоб кунем, изҳор доранд маъмурони бахши энержӣ.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар иҷрои тарҳи минтақавии CASA-1000 мушкиле надорад ва бад ин манзур аз сӯйи созмонҳои байналмиллалии молӣ $320 млн. ихтисос шудааст, хабар дод 22 июл дар нишасти матбуотӣ вазири энержӣ Усмоналӣ Усмонзода.

"Масоили молии иҷрои қисмати тоҷикистонии тарҳи минтақавии хутути нерӯи барқи CASA-1000 алаккай ҳал шудаанд ва ҳамакнун зарур аст, ки асноди зарурӣ бо кишварҳои дигари шомили ин тарҳ ҳамоҳанг карда шаванд. Ин амар то авохири соли ҷорӣ анҷом хоҳад шуд", — тавзеъ дод вазир.

Хутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СБР барои CASA-1000 ба Тоҷикистон $45 миллион ихтисос дод

Ба гуфтаи Усмонзода, Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ аз Бонки ҷаҳонӣ кӯмаки молии 45 миллион долларӣ ва қарзи Бонки сармоягузории Аврупоро дар ҳаҷми $70 миллион дарёфт мекунад. Маболиғро ҳамчунин Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) — $110 миллион, Бонки исломии рушд — $миллион, вазорати рушди байналмиллалии Бритониё — $37 миллион ва Агентии рушди ИМА — $7,5 миллион ихтисос додаанд.
"Созишномаи куллӣ бо шарикон алаккай тасвиб шудааст, аснод ҳамоҳанг мешавад ва то авохири соли ҷорӣ мо мушовири байналмиллалӣ ва иҷрочии ин тарҳро тавассути озмун интихоб мекунем. Бояд гуфт, ки алоқамандони ширкат дар иҷрои ин тарҳ зиёд аст ва мо мехоҳем, ки дар миёни ҷирочиёни тарҳ ширкатҳои тоҷикистонӣ бошанд", — гуфт вай.

Тарҳи CASA-1000 кашидани хутути интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, ки микон медиҳад нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон мунтақил шавад.

Дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ аз зеристгоҳи "Датка" то Хуҷанд (477 км) барои интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Қирғизистон то ба Тоҷикистон ва сипас ин барқ тавассути хутути интиқоли дохилӣ ба Сангтӯда мунтақил мешавад.

Дар Тоҷикистон 115 километр хатти интиқоли нерӯи барқи 500 кВ миёни зеристгоҳҳои Регар ва Сангтӯда кашида шуда дар Сангтӯда зеристгоҳи 1300 МВт сохта мешавад ва сипас 750 км хутути интиқоли нерӯи барқи баландшиддат аз Сангтӯда то Пешовар тавассути гарданаи Саланг ва Кобул кашида мешаванд. Дар пойтахти Афғонистон зеристгоҳи 300 МВт ва ҳамин гуна зеристгоҳ (1300 МВт) дар Пешовар эҳдос мешаванд.

Ҷузъи калидии ин иқдом рушди низоми байнимарзии интиқолоти нерӯи барқ миёни кишварҳо аст, то ба интиқолоти нерӯи барқи изофӣ дар минтақа мусоъидат карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0