20:37 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳашт соли ахир ба нерӯгоҳи Роғун беш аз $1 миллиард масраф шудааст

© Sputnik / Ратушенко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Барои умури бозсозии тӯлонитарин таъсисоти дарозмуддати Тоҷикистон маблағи беш аз як миллиард доллар дар ҳаш соли ахир масраф шудааст ва ба он умури бозсозӣ ва харидории таҷҳизоти ҷадид барои ин нерӯгоҳ шомил мебошанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Барои умури бозсозӣ ва харидории таҷҳизот дар нерӯгоҳи Роғун аз соли 2007 бад ин сӯ аз будҷаи кишвар 6 миллиарду 435,5 миллион сомонӣ ихтисос шудааст, хабар дод имрӯз ба хабарнигорон муовини аввали вазири молия Ҷамшед Каримзода.

Бо дарназардошти қурби Бонки миллии ҶТ ($1=6,26 сомонӣ) масрафоти будҷа барои умури бозсозӣ беш аз $1 миллиард шудааст.

"Ба ин маблағ махориҷи будҷа барои умури бозсозӣ дар нерӯгоҳ ва маболиғи ихтисосшуда барои харидории таҷҳизот шомил мебошанд", — тавзеъ дод муъовини вазир.

Каримзода мушшахас кард, ки қисме аз ин таҷҳизот ба маблағи 327 миллион сомонӣ аз ҳисоби маболиғи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун харидорӣ шудааст. Маблағи умумии фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ 859 миллион сомонӣ шудааст.

Аз ин маблағ 221 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои бонкҳои кишвар гузошта шудааст ва онҳо ҳудуди 60 миллион сомонӣ суд овардаанд. Ҳамзамон 284 миллион сомонии ин маблағ дар суратҳисоби вижаи вазорати молия нигаҳдорӣ мешаванд.

Интизор меравад то авохири соли ҷорӣ барои бозсозии нерӯгоҳи Роғун 1 миллиарду 650 миллион сомонии будҷа масраф карда шавад. Дар нимсолаи аввал аз 650 миллиони пешбинишуда 584 миллион ё 84% нақша масраф шудааст.

Мавзуъ

Раҳмон дар Роғун озмоишгоҳи махсусро ифтитоҳ кард
Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст
Эъломи нерӯгоҳи Роғун дар бораи харидории таҷҳизот
86,4% саҳмияҳои “Нерӯгоҳи Роғун” моли давлати Тоҷикистон аст
“Сад соли як хаёл” – асари ҷадид дар бораи “Роғун”
ҶСК “НБО Роғун”: сохтмони Роғун соли 2016 оғоз мешавад
БҶ: сохтмони Роғун бо риояи бархе шартҳо имконпазир аст
Мавзӯъи Роғун дар дидор бо Даниэл Розенблюм матраҳ шуд
Г. Петров: кафолате нест, ки нерӯгоҳи Роғун то соли 2018 сохта мешавад
Дар соли 2014 барои нерӯгоҳи Роғун 1,1 миллиард сомонӣ масраф шудааст
Барчаспҳо:
сохтмони иншооти аср, 1 миллиард дар 8 сол масраф шудааст, махориҷи нерӯгоҳи "Роғун", НБО "Роғун", вазорати молия, Ҷамшед Каримзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ