17:07 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон бо эъломи фурӯши бархе аз саҳмияҳои Корхонаи қолинҳои Қайроққум ширкаткунандагонро дар бораи вуҷуди қарзҳои корхона ҳушдор додааст.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон қисме аз саҳмияҳои бузургтарин корхонаи қолинбофии Тоҷикистон "Қолинҳои Қайроққум"-ро ба фурӯш гузоштааст, хабар медиҳад корхонаи давлатии "Фурӯши амволи давлатӣ".

Фурӯши 9,31% саҳмияҳои корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" 25 август дар шаҳри Қайроққум сурат мегирад.

"Қиммати аввалия 500 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Харидорони эҳтимолиро ҳушдор медиҳем, ки ин корхона 32,8 миллион сомонӣ (ҳудуди $5 миллион) қарз дорад", — зикр шудааст дар хабар.

Ба фурӯш як баста саҳҳом иборат аз 91 ҳазору 644 саҳмия ба фурӯш гузошта шудааст.

Бузургтарин корхонаи қолинбофии Тоҷикистон "Қолинҳои Қайроққум" соли 1960 мавриди истифода қарор дода шуд ва ба ҷуз аз қолинбофӣ ба тавлиди нахи пашмиву нимпашмӣ, болопӯшҳои пашмин машғул аст.

Зарфияти тавлидотии корхона 700 метри муррабаъ маводди қолинӣ дар як шабонарӯз аст. То соли 1001 корхона солиёна беш аз 10 миллион метри муррабаъ қолину маводди қолинӣ тавлид мекард. Коҳиши мизони тавлидот ба аз даст додани бозори фурӯш марбут дониста мешавад.
Ин корхона бо таҷҳизоти фаннӣ аз Олмон, Италия, Голландия, Ҷопон, Фаронса, Лаҳистон, Русия, Ӯзбекистон ва Чин муҷҷаҳаз шудааст.

Мавзуъ

Вакилон хостанд, Қайроққум Ориёкант шавад
Барчаспҳо:
фурӯши саҳмияҳои "Қолинҳои Қайроққум", "Қолинҳои Қайроққум", Қайроққум, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ