16:46 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Тавлиди семент. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон се корхонаи ҷадиди тавлиди семент фаъол мешаванд

© Sputnik / Виталий Аньков
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Корхонаҳои ҷадиди тавлиди семент дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бунёд мешаванд. Мавриди истифода қарор гирифтани онҳо имкон медиҳад, ки кишвар аз воридоти ин навъи маводди сохтмонӣ даст бикашад.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сохтмони се корхонаи ҷадиди тавлиди семент дар навоҳии Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон дар соли ҷорӣ анҷом ёфта зарфияти тавлидотии ин корхонаҳо ҳудуди 2 миллион тонна дар як сол аст, хабар медиҳад сомонаи вазорати саноат.

Дар ин вазоратхона таъкид мекунанд, ки зимни эҳдоси ин корхонаҳо аз сӯйи коргарони чинӣ ва тоҷик аз фанновариҳои ҷадиди замонавӣ истифода шуда масоили таъмини зистмуҳитӣ ба инобат гирифта шудааст. Дар назар аст, ки ин корхонаҳо зимни тавлиди семент аз ангиштсанг истифода мекунанд.

"Нимсолаи дуввуми соли 2015 дар мавриди бунёди корхонаҳои тавлиди маводди сохтмонӣ, аз ҷумла семент калидӣ мебошад. Дар ноҳияи Ваҳдат сохтмони тавлиди сементи "Тоҷ Чайна 2013" бо зарфияти тавлиди 600 ҳазор тонна семент дар як сол дар ҳоли анҷомёбӣ аст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи "Хуаксин Ғаюр Суғд семент" дар арафаи анҷомёбист —1,2 миллион тонна ва дар ноҳияи Ёвон корхонаи "Ҷунгтсай Мохир семент" бо зарфияти 150 ҳазор тонна семент дар як сол бунёд мешавад", — зикр карданд дар вазоратхона.

Дар ин ниҳод таъкид мекунанд, ки фаъол сохтани ин корхонаҳо имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи семент ба содиркунандаи ин навъи маводди сохтмонӣ табдил биёбад.

Дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 668,7 ҳазор тонна семент тавлид шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 172,1 ҳазор тонна бештар мебошад. Ин омор имкон дод, ки воридоти семент 227,8 ҳазор тонна коҳиш биёбад.

Зикр мешавад, ки тавлидкунандаи аслии семент дар Тоҷикистон ширкати тоҷикистониву ҷинии "Хуактсин Ғаюр семент" мебошад, ки тирамоҳи соли 2013 мавриди истифода қарор дода шуд ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 522,3 ҳазор тонна семент тавлид кардааст.
Миқдори боқимонда аз сӯйи ширкати давлатии "Тоҷиксемент" ва корхонаҳои дигари кӯчак тавлид шудааст.

Ба далели афзоиши сохтмон дар Тоҷикистон ниёз ба ин маводди сохтмонӣ ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Дар оянда бо дарназардошти сохтмони таъсисоти бузург аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ниёз ба семент боз ҳам бештар мешавад. Дар соли ҷорӣ ниёз ба семент ҳудуди 1,5 миллион тонна арзёбӣ мешавад. Дар вазорати саноат умед доранд, ки дар моҳи сентябр тавлиди семент дар Тоҷикистон ба 1 миллион тонна мерасад. Дар соли 2014 ин миқдор семент танҳо дар тӯли сол тавлид шуда буд.

Мавзуъ

Дар соли 2014 барои нерӯгоҳи Роғун 1,1 миллиард сомонӣ масраф шудааст
Барчаспҳо:
се корхонаи семент фаъол мешавад, истеҳсол ва тавлидоти семент, "Тоҷ Чайна", ширкати "Хуаксин Ғаюр семент", вазорати саноат ва технология навин, Бобоҷон Ғафуров, Ёвон, Ваҳдат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ