18:17 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Бинои ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумат аз вазоратҳо хост, сарфакор бошанд

© Sputnik Stringer
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи вазорату идораҳои давлатии кишвар хостааст, ки дар замони бӯҳрони молӣ пули буҷаро сарфакорона харҷ карда, дар ин бора ба дастгоҳи иҷроияи президент гузориш диҳанд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ талаб кардааст, ки дар шароити бӯҳрони молӣ маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода карда, "аз хароҷоти дувумдараҷа худдорӣ варзанд", менависад Радиои Озодӣ.

Радио бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон менависад, дар маҷлиси охири ҳукумат дар ин бора "протоколи №9" қабул шудааст.

Ин дастур тамоми вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллиро вазифадор мекунад, ки аз хароҷоти дуюмдараҷа "барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ" даст кашида, маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода кунанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Иҷрои муқаррароти ин протокол бар дӯши Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон гузошта шудааст. Бар асоси ин протокол мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки дар марвиди чигунагии иҷрои талаботи ин протокол ба ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд.

Иқдоми сарфаи маблағҳои буҷа иқдоми дувуми ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили бӯҳронест, ки пас аз рукуди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Амрикову кишварҳои Ғарб, поин омадани нархи нафт ва ба таври бесобиқа поин рафтани қурби рубли русӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳоло сад рубли русӣ дар саррофиҳои Душанбе ба 94-95 сомонӣ баробар аст. Дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 140-150 сомониро ташкил медод.

Моҳи феврали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон як барномаи зиддибӯҳронии иборат аз 54 бандро қаблул карда буд. Аммо барои иҷрои он аз буҷа ва ё фондҳои махсус маблағ ҷудо нашудааст ва ахиран ҳукумат барои иҷрои ин барномаҳо аз Бонки Осиёии Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ 80 миллион доллар сармоя дархост кард, вале ҳанӯз ин ду созмони байнулмилалии молиявӣ дархости Тоҷикистонро рад ва ё тасдиқ накардаанд.

Барчаспҳо:
сарфаҷӯӣ, протоколи №9, маблағи буҷа, Ҳукумати Тоҷикистон, дастгоҳ, ҳукумат, вазорати молия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ