БМТ: имкони додугирифти Чину Тоҷикистон бо юан вуҷуд дорад

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкЮан. Акс аз бойгонӣ
Юан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Талошҳо барои барқарор кардани додугирифти мол бо сомонӣ ва юан ҳанӯз аз оғози соли равон садо дода буд. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бо мақсади аз фишори доллар раҳо кардани сомонӣ ба додугирифти бидуни доллар роҳ мекушоянд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Миёни Тоҷикистон ва Чин созишнома дар бораи додугирифти мол бо сомонӣ ва юани чинӣ ба имзо мерасад, менависад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоло як гурӯҳ коршиносони Бонки мардумии Чин дар Душанбе механизми додугирифти сомонӣ бо юанро тавассути усули СВОП (додугурифти асъорӣ миёни бонкҳо дар як муддати муайян) баррасӣ доранд.

Раҳбари БМТ: мо ба қарзи $500 миллионии Чин ниёз дорем

Ба иттилоъи манбаъ, дар назар аст, ки 2-юми сентябри соли равон ҳайати расмии Бонки мардумии Чин бо роҳбарии раиси Бонки мазкур — Жоу Сиаочуан ба Душанбе меоянд ва дар ҷараёни ин сафар Созишномаи додугирифти асъорӣ бо пули сомониву юан миёни БМТ ва Бонки мардумии Чин ба имзо хоҳад расид.

Талошҳо барои барқарор кардани додугирифти мол бо сомонӣ ва юан ҳанӯз аз оғози соли равон садо дода буд. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бо мақсади аз фишори доллар раҳо кардани сомонӣ ба додугирифти бидуни доллар роҳ мекушоянд.

Маврид ба ёдоварист, 22-юми июл Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Раиси БМТ дар нишасти хабарии бонк дар посух ба суоли хабарнигорон гуфта буд, барои ҷалби қарзҳои имтиёзнок бо се бонки Чин  Бонки рушд, Бонки мардумӣ ва Бонки кишоварзии ин кишвар гуфтушунид доранд.

Масъулини БМТ мегӯянд, агар ҷонибҳо ба тавофуқ расанд, ки тоҷирони тоҷик минбаъд аз Чин на бо доллар, балки бо асъори миллии ин кишвар — юан мол харидорӣ намоянд, он гаҳ додугирифти мол миёни ду кишвар бо усули "СВОП" (додугурифти асъорӣ миёни бонкҳо дар як муддати муайян) сурат мегирад ва дар назар аст, ки Тоҷикистон барои ин кор аз Чин то 1 млрд. Юан (муодили 500 млн. доллар) маблағ дарёфт кунад.

Лентаи хабарҳо
0