17:18 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Бонки кишоварзии Чин дар асоси созишнома “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳо ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Имрӯз дар қароргоҳи Дяоюйтайи шаҳри Пекин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюй мулоқот кард, менависад сомонаи раисҷумҳур.

Ба иттилоъи манбаъ, Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сол то сол муносибатҳои дӯстию ҳамкории мо сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои навро касб менамоянд ва иштироки фаъоли Бонки кишоварзии Чин дар баробари дигар ниҳодҳои молиявию иқтисодии чинӣ дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Қайд гардид, ки Бонки кишоварзии Чин дар асоси созишнома "Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" аз 13 сентябри соли 2014 бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ   дар Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла дар чаҳорчуби ҳамкорӣ бо Маркази сармоягузорӣ ҷалби мутахассисону коршиносони бахши бонкдории тоҷик дар машваратҳои омӯзишӣ дар Чин, маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳоро амалӣ кардааст.

Ҳамзамон, Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Чин масъалаи омода намудани барномаҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав баррасӣ дорад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкориҳои судманди Бонки кишоварзии Чин бо дигар бонкҳои Тоҷикистон, бахусус бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро зарур шумурд.

 

Мавзуъ

Кӯмаки башардӯстонаи Чин ба Бадахшон расид
Чин барои эҳдоси роҳи транзитии Шимол-Ҷануб $297 миллион ҷудо мекунад
Барчаспҳо:
бонкдорӣ, ҳамкории Тоҷикистону Чин, хушнудии раисҷумҳур, 100 миллион доллари кӯмаки Хитой, мулоқоти Раҳмон бо раиси Бонки кишоварзии ҶМЧ, Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин, қароргоҳи Дяоюйтай, президенти Тоҷикистон, Лю Шиюй, Эмомалӣ Раҳмон, Пекин, Чин, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ