19:49 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Намое аз Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ: мо аз сармоягузорӣ ба Тоҷикистон умед дорем

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Ҳамзамон, оқои Ал-Маҳдӣ илова кардааст, ки умеди мо бар ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳо дар бахши ҷаҳонгардӣ ба мо мусоидат кунад.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Иштирокчиёни ҳамоиши Бунёдҳои арабӣ ва Бонки исломии Рушд аз фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии хешро ба саҳмгузорӣ дар рушди саноату иқтисоди кишвар иброз доштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба навиштаи ин расонаи хабарӣ, мудири кулли раёсати амалиёти Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ гуфтааст, ҳадаф аз иштирокам дар ин мизи мудаввар ба даст овардани маълумоти бештар аз фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

"Мо қаблан иттилоъ ёфта будем, ки  Тоҷикистон як кишвари худодод аст ва ин ҷо захоири табиӣ хеле фаровон вуҷуд доранд, ки таваҷуҳи моро бештар ба худ ҷалб мекунанд. То ҳол мо чандин лоиҳаҳои сармогузориро дар Тоҷикистон амалӣ намудаем ва ин кор дар оянда низ идома хоҳад ёфт",- афзудааст вай.

Ҳамзамон, оқои Ал-Маҳдӣ илова кардааст, ки умеди мо бар ин аст, ки ҳукумати  Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳо дар бахши ҷаҳонгардӣ ба мо мусоидат кунад.

"Мо аз сармоягузорӣ дар кишвари Тоҷикистон умеди зиёд дорем ва ин нақшаро ҳатман амалӣ хоҳем кард"- иброз доштааст дар анҷоми сӯҳбаташ Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ.

 

 

Барчаспҳо:
сайру саёҳат, рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҷаҳонгардӣ, сармоягузорӣ дар ҶТ, Фондҳои арабӣ, Бонки исломии Рушд, БИР, Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ, Арабистони Саудӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ