19:06 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Пули миллии сомонӣ

БМТ: Муътадилии қурби сомонӣ дар баробари ҷаҳиши нархи нафту тилло

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Пули милии Тоҷикистон дар пайи болоравии арзиши рубли русию нафт ва тило қурби худро муътадил нигаҳ медорад.

ДУШАНБЕ, 21 сентября — Sputnik. Болоравии арзиши рубли русӣ +3.2%, қиммат шудани нафти навъи брент +3.0%, баланд шудани нархи ҷаҳонии тилло +2.9% боиси муътадил шудани қурби пули миллӣ тайи ҳафтаи гузашта шудааст, менависад сомонаи Бонки миллӣ.

Арзиши ҷаҳонии тилло давоми соли равон пайваста коҳиш меёбад. Дар ибтидои соли равон арзиши як унси тилло дар бозори ҷаҳонӣ 1,2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, ки ҳоло он баробар ба 1,1 ҳазор доллар шудааст. 18 сентябри соли равон ҳолати мусбате дар бозори ҷаҳонии тилло мушоҳида шуда, болоравие ҳам дар нархи он дида мешавад.

Дар мавриди нафт бояд гуфт, ки вазъ ҳанӯз ҳам дар "бозори сиёҳ" мубҳам мебошад. 16 сентябр дар бозори нафт ҳам тамоюли мусбат мушоҳида шуда, арзиши як бушка нафти навъи брент то 49,90 долари амрикоӣ боло рафт. Аммо ин нишондод имрӯз 47,84 долларро ташкил медиҳад.

Қурби рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ тайи ҳафтаи гузашта каме боло рафтааст. Барои мисол агар рӯзи 12 сентябр як доллар баробар ба 68 рубл буд, имрӯз як доллар 65,6 рублро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, як доллари амрикоӣ дар бозори арзи кишвар 6,85-6,88 сомониро ташкил медиҳад. Ин ниҳод вазъи қурби пули миллиро муътадил арзёбӣ кардааст.

Арзиши евро ва рубл ҳам каме боло рафтааст. Қурби миёнаи як евро ба 7,60 сомонӣ ва 1000 рубл ба 103 сомонӣ баробар шудааст.

Дар ҳафтаи равон қурби миёнаи доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 6,85-6,88 сомонӣ ба 1 долл. ИМА —ро ташкил намуд.

Барчаспҳо:
ҷаҳиш, тилло, "бозори сиёҳ", арзиш, болоравӣ, асъор, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ