19:02 19 феврали 2018
Пахши мустақим
сомонии Тоҷикистон

БОР: афзоиши таваррум дар баробари коҳиши қурби сомонӣ

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Тибқи пешгӯиҳои Бонки осиёии рушд, беқурбшавии сомонӣ боиси то 10% баланд шудани сатҳи таваррум дар Тоҷикистон давоми соли равон хоҳад шуд. Ин бонк аз кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирон ба кишвар ҳам гуфтааст.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бонки осиёии рушд дурнамои нави рушди кишварҳои Осиёро нашр кардааст, ки дар он сатҳи таваррум дар Тоҷикистон бо вуҷуди рушди муътадили шаш моҳаи ахир дар давоми соли равон то 10% боло хоҳад рафт, омадааст дар баррасии БОР. 

Коршиносони БОР рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар давоми соли равон 3,5% ва дар соли 2016 4,2% пешбинӣ кардаанд. Сатҳи таваррум дар пайи беқурбшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2015 то 10% боло рафта, ин нишондод дар соли 2016 то 7% поин хоҳад омад. 

Ин пешбинии манфии БОР дар муқобили ҷамъбасти нимсоли аввали соли равон сурат мегирад, ки бар асоси он сатҳи миёнаи таваррум дар Тоҷикистон 5,5%-ро ташкил додааст. Ин ҳам дар натиҷаи сиёсати қарзӣ-пулӣ, музоядаи коғазҳои қимматнок ва векселҳои хазинадорӣ ба миён омадааст. 

"Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 бо вуҷуди рушди базудии иқтисоди Русия дар соли оянда оҳиста барқарор мешавад. Ин ҳама ба кам шудани интиқоли маблағ вобаста аст, ки дар навбати худ инчунин боиси коҳиши воридоти коло ва тиҷорат дар Тоҷикистон шудааст", — омадааст дар гузориш. 

Беқурбшавии сомонӣ каме ҳам бошад дар рушди иқтисоди кишвар нақш дорад. Аз аввали соли равон то кунун пули миллӣ дар баробари доллар то 18% беқурб шуда, арзиши худро дар баробари рубли русӣ то 32% устувор кардааст.

 

 

Барчаспҳо:
рубл, евро, пул, асъор, доллар, иқтисод, таваррум, БОР, Бонки Осиёии Рушд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ