14:16 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Д.Медведев дар ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Душанбе иштирок кард

Сарвазирони кишварҳои ИДМ 40 санади ҳамкорӣ имзо карданд

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Инчунин иштирокдорони ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон, маориф, ёрии тиббию иҷтимоӣ ба собиқадорон, ҷилавгирӣ ва рафъи оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда ва бехатариро баррасӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раҳбарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳошияи ҷаласаи худ дар шаҳри Душанбе зери 40 санад имзо гузоштанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

"Аксари ин аснод асосан марбут ба рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиётанд. Аз ҷумла, иборат аз татбиқи Шартнома дар бораи фазои тиҷорати озод, фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар бахши иқтисодиёт, тадбирҳо ҷиҳати татбиқи марҳалаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, масоили ҳамкории инноватсионӣ, рақобат дар бозорҳои амвол, мухобираи барқӣ, энергетика, бозори қоғазҳои қиматбаҳо, ҳамчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти молиявӣ мебошанд", — афзудааст манбаъ.

Инчунин иштирокдорони ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон, маориф, ёрии тиббию иҷтимоӣ ба собиқадорон, ҷилавгирӣ ва рафъи оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда ва бехатариро баррасӣ кардаанд.

Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ низ номзадии Владимир Соколов аз Русияро ба ҳайси раиси Кумитаи омори ин созмон тасдиқ карда, муҳлати фаъолияти Марат Абдираев аз Қирғизистонро дар вазифаи муовини роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ тамдид кардаанд.

Ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои аъзои ИДМ субҳи 30 октябр бо иштироки сарвазирони Арманистон Овик Абраамян, Беларус Андрей Кобяков, Қазоқистон — Карим Масимов, Қирғизистон — Темир Сариев, Русия — Дмитрий Медведев, Тоҷикистон — Қоҳир Расулзода баргузор шуда, дар ин ҳамоиш Туркманистонро дар муовини раиси девони вазирон ва Озарбойҷону Ӯзбекистонро ноибони сарвазирон намояндагӣ карданд.

Мувофиқи барнома субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.

Барчаспҳо:
ИДИ, кишварҳо, ҳукуматҳо, раҳбарон, вохурӣ, Туркманистон, Узбакистон, ҷаласа, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Душанбе, ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, ИДМ, Андрей Кобяков, Карим Масимов, Темир Сариев, Қоҳир Расулзода, Дмитрий Медведев, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Беларус, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ