14:00 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Майдони сохтмони НБО Роғун

Барои лоиҳаи “Дарвозаи хоросанг” сармоягузор лозим аст

© Sputnik / Ратушенко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Ҳазинаи сохтмони неругоҳи барқӣ-обии “Дарвозаи Санги Хоро” дар дарёи Панҷ 2 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, барои бунёди НБО "Дарвозаи Санги Хоро” дар дарёи Панҷ сармоягузор пайдо кунанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.

"Тибқи арзёбиҳои аввалия, барои амалишавии ин лоиҳаи сармоягузорӣ беш аз ду миллиард доллари амрикоӣ лозим аст", — афзудааст манбаъ.

Ин лоиҳа ҳоло ба сандуқи сармоягузорӣ ворид шуда, барои омӯзиш ба сармоягузорон пешниҳод гардидааст.

Бар асоси арзёбиҳои фаннии аввалия, иқтидори ин неругоҳ 2,1 ҳазор МВт ва ё 10,5 миллиард кВт.соат нерӯи барқ дар як сол мебошад.

Барои муайян кардани давраи бозпардохти ҳазинаи сохтмон таҳия кардани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа зарур аст.

Муштариёни барқи истеҳсолкардаи НБО "Дарвозаи Санги Хоро" дар ҳоли ҳозир Афғонистон, Покистон ва кишварҳои дигар гуфта мешавад.

© Sputnik
Ҳафт соли фаъолияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1": кори яке аз нерӯгоҳҳои бузург дар ИДМ

 

Барчаспҳо:
Панҷ, Хоро, санг, Дарвоза, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, сармоя, неругоҳ, дарё, НБО, Тоҷикистон, НБО "Дарвозаи Санги Хоро", Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Панҷ, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ