12:51 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Каҳор Махкамов. Акс аз бойгонӣ

Қаҳҳор Махкамов: набояд иҷоза дод, ки пулҳо аз кишвар берун раванд

© Sputnik / Юрий Абрамочкин
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Ҷаноби Махкамов мегӯяд, мансабдорони давлатии Тоҷикистон инчунин набояд дар хориҷ аз кишвар амволи ғайриманқул дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Нахустин президент ва узви доимии Маҷлиси миллии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов зидди суратҳисобкушоии хидматчиёни давлатии кишвар дар бонкҳои хориҷ мебошад.

Ҷаноби Махкамов мегӯяд, мансабдорони давлатии Тоҷикистон инчунин набояд дар хориҷ аз кишвар амволи ғайриманқул дошта бошанд.

"Пулҳоро бояд нигаҳ дошт ва набояд иҷоза дод, ки онҳо аз кишвар берун раванд. Гап дар бораи пулҳое меравад, ки имкони истифодаи онҳо барои рушду пешрафти кишвар вуҷуд дорад", — гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik.

Аз ин рӯ, ҷаноби Махкамов пешниҳодгари асосии тарҳи нави қонуни "Хидмати давлатӣ" ба шумор меравад, ки бар асоси он аз ин ба баъд мансабдорони тоҷик ҳаққи боз кардани суратҳисоб, ҳифзи дороӣ ва харидории манзил дар хориҷаро надоранд.

"Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон додааст, ки хидматчиёни давлатӣ бо сохтани шароити муносиби худ дар хориҷ ба харидани амволи ғайриманқул оғоз мекунанд. Албатта, ин гуна раванд ҳоло дар мо нест, вале ин тағйиру иловаҳо барои ҷилавгирӣ аз ин раванд дар оянда гирифта шудааст", — афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, лоиҳаи нави қонуни "Хидмати давлатӣ" аз сӯи аъзои Маҷлиси намояндагони кишвар қабул гардид.

Барчаспҳо:
Қаҳҳор, хидматчиёни давлатӣ, мансабдорон, бонкӣ, кишвар, Махкамов, суратҳисоб, давлат, хориҷ, қонун, Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Қаҳҳор Маҳкамов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ