20:15 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Мусофирон ҳангоми ба қайдгирии чиптаҳо

Ширкатҳои ҷаҳонгардӣ: коҳиши назарраси сайёҳонро ба Туркияро интизорем

© Sputnik Сергей Пивоваров
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
32 0 0

Дар мавриди он ки ширкатҳои сайёҳӣ аз нигоҳи молӣ дар натиҷаи вазъи кунунии сиёсии Туркия то куҷо зарар мебинанд, ҳанӯз чизе гуфтан ғайриимкон аст. Танҳо дар ин бора метавон моҳҳои май ё июни соли оянда суҳбат кард, ки мависими сайёҳат дар ин кишвар оғоз мешавад.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ширкатҳои сайёҳии Душанбе ба коҳиши назарраси шумори муштариёни худ дар мавсими оянда омодагӣ мебинанд.

Омили аслии инро ширкатҳои туркӣ ба вазъи сиёсии ахир — муноқашаи Туркияву Русия ва таҳримҳои Кремл алайҳи кишвари худ рабт медиҳанд.

Равобити дӯстонаи Анқара ва Маскав замоне ба сардӣ гароид, ки ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия дар қаламрави Сурия тавассути неруҳои турк сарнагун гардид.
Яке аз операторҳои ширкати "Turkish Airlines" дар Душанбе мегӯяд, ин ширкат аз ҳоло барои рӯбарӯ шудан бо буҳрон омодагӣ мебинад.

"Вазъи сиёсӣ дар Туркия ба таври возеҳ ба фурӯши чиптаҳо таъсир гузоштааст. Мо худ намехоҳем, таваккул карда, дар ин гуна вазъият муштариёни хешро равон кунем. Агар нооромие сарбизанад, пас ҳам муштариёни мо зазар мебинанду ҳам мо азоби виҷдон мекашем. Шояд ман худам онҳое, ки ҳоло мехоҳанд, ба Туркия раванд мутақоид созам, ки сафари худро то муътадил шудани вазъ мавқуф гузоранд", — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҳоло бархе аз муштариён худ сафари хеш ба Туркияро лағв мекунанд.

"Дирӯз як зан омаду аз мо дар мавриди сайёҳат ба яке аз кишварҳо тавсия хост, мо ҳам ба ӯ кишварҳои Аврупоро тавсия кардем, вале гуфт, аз баски он ҳамсарҳади Туркия аст, маъқул нашуд ва дар умум гуфт, вазъи кунунии он ҷо барои ӯ маъқул нест",- афзуд ин корманди "Turkish Airlines" дар Душанбе.

Оператори яке аз ширкатҳои дигари сайёҳии Душанбе — "Аспэндос трэвэл" мегӯяд, ӯ дар ҳоли ҳозир тағйироти назаррасеро дар мавриди шумори сайёҳон намебинад, аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло мавсими рафтан ба Туркия нест.

"Дар ҳоли ҳозир мо сафарбаркунӣ аб Дубайро оғоз кардаем. Ҳама чиз мавсими тобистонаи соли оянда маълум мешавад. Бо назардошти буҳрон албатта, шумори муштариён коҳиш хоҳад ёфт, аммо дар робита ба вазъи буҳронии равобити Мавкаву Анқара, ки чӣ таъсире хоҳад расонд, ҳоло чизе гуфта намешавад", — афзуд ӯ.

Аммо ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати ягоне чизе метавон дар он таъсири вазъи ахирро эҳсос кард, ин фурӯши чиптаҳои парвози фармоишӣ тавассути Маскав ба Анталия аст.

"Мо парвозҳои зиёде тавассути Маскав ба Анталияро доштем ва ҳоло фикр мекунам, дигар ин гуна парвоз нахоҳем дошт", — афзуд ӯ.

Раҳбарияти ширкати сайёҳии "Зигана Тур" дар робита ба паёмади таҳримҳои Русия алайҳи Туркия хушбин аст.

"Агар шумори сайёҳони рус ба Туркия коҳиш ёбад, пас мусаллам аст, ки арзиши химатрасониҳои сайёҳӣ, аз қабили меҳмонсаро поин хоҳад рафт ва ин албатта, ба манфиати муштариёни мо аст, ки эҳтимоли афзоиш ёфтани сайёҳони Тоҷикистон ба Туркияро дар пай дорад", — мегӯяд бо боварӣ раҳбарияти "Зигана Тур".

Аз сӯи дигар, масъулини ин ширкат мегӯянд, вазъи иқтисодии кишвар то рафт буҳронитар мешавад ва ин албатта, ба вазъи молии сокинон ҳам бетаъсир нахоҳад буд.

Дар мавриди он ки ширкатҳои сайёҳӣ аз нигоҳи молӣ дар натиҷаи вазъи кунунии сиёсии Туркия то куҷо зарар мебинанд, ҳанӯз чизе гуфтан ғайриимкон аст. Танҳо дар ин бора метавон, моҳҳои май ё июни соли оянда суҳбат кард, ки мависими сайёҳат дар ин кишвар оғоз мешавад.

Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
Барчаспҳо:
сайёҳ, муштарӣ, сарнагун, Су-24, суқут, буҳрон, иқтисодӣ, парвоз, ҳавопаймо, вазъи ширкатҳои сайёҳӣ, "Turkish Airlines", "Зигана Тур", Анталия, Туркия, Аврупо, Душанбе, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ