00:59 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва даъвати БМТ аз аҳолии кишвар

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аснои як амалиёти муштараки анҷомёфта бо мақомоти додситонӣ шаш корманди нуқтаҳои мубодилаи асъорро боздошт намуданд ва бар асоси дастурамали нави ин ниҳоди молӣ кулли нуқтаҳои мубодилаи асъор баста хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Раёсати бонки мазкур дастурамали №211 "Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ"-ро қабул кардаст, ки пас аз он нашри расмӣ дар амал татбиқ мешавад.

"Бонки миллии Тоҷикистон бо муроҷиат ба тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки зарурияти ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар ҳамин муассисаҳои номбурдаи ташкилоти қарзӣ анҷом диҳанд, зеро мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд ва маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад", — афзудаст манбаъ.

Инчунин, бонки мазкур иттилоъ медиҳад, ки шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ — корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилоти қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд.Ташкилоти қарзӣ имконият ва иқтидори ба асъори хориҷӣ (нақдӣ ва ё ғайринақдӣ) мубодила кардани маблағҳои бо пули нақди миллӣ андухтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доранд.

Дар робита ба ин дар пайи якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура дар ҳайати гурӯҳҳои фаврии муштарак 27 ноябри соли ҷорӣ 6 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори МДО «Васлат», МДО Азизи молия", МДО "Вориси замон" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"-ро дар шаҳри Душанбе муайян ва боздошт карданд.

Маълум гашт, ки онҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул будаанд.

Бонки милли Тоҷикистон мегӯяд, яке аз сабабҳои бесобиқа баланд шудани қурби доллари нақди ИМА таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ мебошад.

"Ҳамин гуна ҳолат дар моҳи декабри соли 2014 ва дар моҳҳои январ, апрелу майи соли 2015 низ рух дода буд ва бар асари он беқурбшавии сомонӣ тақрибан 18,0 фоизро ташкил дод", — иттилоъ медиҳад бонки мазкур.

Барчаспҳо:
мубодилаи асъор, доллар, маблағ, боздошт, Бонки миллии Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ