15:32 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Банчахои доллар

БОР барои ислоҳоти бахши хусусӣ ба Тоҷикистон $60 миллион медиҳад

© Sputnik / Михаил Кутузов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иҷрокунандаи ин барнома ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Бонки осиёии Рушд ба Тоҷикистон 60 миллион доллар ҷудо кардааст, ки 90%- ин маблағ бурсия буда, барои тавсеаи имкониятҳои самараноки иқтисодӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар равона хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ин бонк.

Ба иттилои манбаъ, ин маблағро ҳукумати Тоҷикистон дар гузаронидани ислоҳоти сохторӣ барои тавсеаи соҳибкорӣ дар кишвар сарф хоҳад кард.

Барномаи пуштибонии молии Бонки Осиёии Рушд аз Тоҷикистон дар се марҳила сурат гирифта ва дар соли 2019 поён хоҳад ёфт. Дар умум ба Тоҷикистон 60 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд, ки 53,4 миллион доллараш кумаки билоиваз ва 6,6 миллион доллари дигараш қарзи имтиёзнок мебошад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии молии Тоҷикистон иҷрокунандаи ин барнома ба шумор меравад.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда ва то ҳол бонк барои ин кишвар 1,3 миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок, кӯмакҳои бебозгашт ва кӯмакҳои фаннӣ ироъа кардааст.

Ҳамкории БОР бо Тоҷикистон ба рушди иҷтимоӣ, бозсозии зербаноҳои қаблӣ ва сохтмони зербаноҳои ҷадид, тавсеъаи кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳову тиҷорати минтақавӣ мусоъидат кардааст.

Барчаспҳо:
барнома, имтиёзнок, тавсеа, сармоя, соҳибкорӣ, бонк, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии молии Тоҷикистон, Бонки осиёии рушд (БОР), Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ