00:52 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Ин таҷриба дар Тоҷикистон бори нахуст роҳандозӣ шуда, ба андешаи коршиносон ҷиҳати нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мусоидат хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бори нахуст дар Тоҷикистон "Низоми ягонаи электронии савдо" миёни бонкҳо ҷорӣ шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллӣ.

"Минбаъд тамоми музоядаҳои харидуфурӯши асъори хориҷӣ ба бонкҳои кишар тариқи ин низом сурат мегирад",- меафзояд манбаъ.

Масъулини БМТ ҳадаф аз татбиқи ҷадиди низоми мазкурро дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилотҳои қарзӣ шарҳ дода мегӯянд, ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти Бонки миллӣ ба шумор меравад.

"Ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути системаи асосӣ ва инфрасохтори бонк, байни ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллӣ мусоидат хоҳад кард",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳоди молӣ.

Гуфтанист, то имрӯз 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шуда, дигар ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо дар раванди пайвастшавӣ мебошанд.

Дар бораи "Низоми ягонаи электронии савдо" нахуст Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ 4-уми декабр зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе маълумот дода буд.

"Бонки миллӣ дар ин низом ҳамарӯза ба ташкилотҳои қарзӣ фурӯши доллари амрикоиро анҷом дода, тавассути ташкилотҳои қарзӣ дахолатҳои асъорӣ — фурӯши доллари нақди ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст",- қайд кард он замон оқои Нуралиев.

"Низоми ягонаи электронии савдо" дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати "Томсон Ройтерс" омода шуда, ба воситаи он амалиётҳои хариду фурӯши асъор миёни бонкҳо сурат мегирад.

Барчаспҳо:
асъор, асъори хориҷӣ, харидуфурӯш, музоядаҳо, Низоми ягонаи электронии савдо, Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ