06:58 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ

Истихроҷи беш аз 1 миллион тона ангишт дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1500-3000 тонна ангишт истихроҷ мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар давоми як сол беш аз 1 тонна ангишт истихроҷ шудааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

"Истихроҷи ангишт аз аввали сол то санаи 12 декабри соли ҷорӣ ба 1 млн. тонна расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 167 ҳазор тонна зиёд мебошад", — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1500-3000 тонна ангишт истихроҷ мешавад.

Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт то санаи 12 декабри соли равон 152,9 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ 15 корхона бо истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ машғуланд, ки бузургтарини онҳо корхонаҳои "Фон-Яғноб", "Зиддӣ", "Назар-Айлоқ", "Шӯроб" ва "Сайёд" мебошад.

Айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои соҳаҳои саноат, Марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои хоҷагиҳои коммуналӣ ба ҷои гази табиӣ ва сӯзишвориҳои моеъ ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии технологӣ истифода мебаранд.

Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, ангишт, тонна, истихроҷ, захира, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ