07:01 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Асароти заминларза дар водии Бартанги Рӯшон. ВМКБ

Кумаки президенти ҶТ ба сокинони Бартанг: наздик ба 3 миллион сомонӣ

Предоставлено телевидением "Бадахшон"
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)
35 0 0

Айни замон ҳисобу китоби хисороти заминларза дар водии Бартанги Рӯшон идома ёфта, рақамҳои мушаххас аввали соли оянда эълом хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони заминларза дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ қариб 3 миллион сомонӣ маблағи пулӣ ирсол кардааст, иброз дошт раиси ноҳия Худоёр Худоёров дар суҳбат бо Sputnik.

Ба қавли ӯ, ҳоло дар водии Бартанг маблағи ҷудошударо аз номи президенти кишвар ба мардум тақсим карда истодаанд.

"Ба сокиноне, ки манзилашон аз заминларза қисман зарар дидааст, 3 ҳазор сомонӣ ва барои аҳолии манзилашон пурра харобшуда 7 ҳазор сомонӣ маблағи нақд дода мешавад",-илова кард Худоёров.

Натоиҷи заминларза дар водии Бартанг
Предоставлено телевидением "Бадахшон"

Гуфтанист, дар маҷмӯъ дар ноҳияи Рӯшон зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларза дар водии Бартанг супурда хоҳад шуд.

Рӯзи 7-уми декабр дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон 3 дафъа ларзидани замин ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Муассисаи илмии "Хадамоти геофизикӣ"-и Академияи илмҳо заминларзаи аввал соатҳои 12-50  ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Маркази заминларза дар 357 км  ҷанубу  шарқи Душанбе дар 22-километрии кӯли Сарез воқеъ будааст, ки зарфияти ларзиши замин баробар ба 7-8 бали ҷадвали Рихтер арзёбӣ мешавад. Таккони замин дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри  Душанбе 3-4 балро ташкил дод. 

Бори дуюм, соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ларзиши замин ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Такроран баъди 30 дақиқа дар ҷойи аввала заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе ба 2-3 бал баробар буд.

Ба иттилои мақомоти кишвар аз ин заминларза қариб 800 хонаи сокинон осеб дида, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар асоси ҳисоботи пешакӣ хисороти заминларза дар ноҳияи Рӯшон наздик ба 24 миллион сомонӣ мебошад ва эҳтимол ин рақам боз ҳам афзоиш ёбад.

Матлаби бештарро дар бораи зилзилаи Бартанг ва хисороти он аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед>>

Мавзуҳо:
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)

Мавзуъ

Корбарони Facebook барои бартангиҳо пул ҷамъ мекунанд
Боз як фоҷиа: ҳалокати милиса дар Бартанг бар асари резиши санг
Барчаспҳо:
кумаки президент, хисороти заминларза, зилзила дар Бартанг, заминҷунбӣ дар Бадахшон, заминларзаи шадид, ҳукумати ноҳияи Рӯшон, Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон, Худоёр Худоёров, Эмомалӣ Раҳмон, Бартанг, Рӯшон, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ