22:57 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Қасри Миллат

Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 қабул шуд

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Ба қавли манбаъ, дар аввали нишаст тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016" қабул шуд.

Баъди он ҳисоботи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон "Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" шунида шуд.

"Дар ростои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар минтақа 5,5 км роҳҳои мошингарди маркази ноҳия навсозӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳраки Қумсангир чароғон карда шуд. Соли 2016 ҳудуди 2 ҳазор га заминҳои нави кишоварзӣ шодоб мегардад. Соли 2015 дар ноҳияи беш аз 73 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда, ҳоло дар майдони 2300 га замин пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд",- иброз дошт раиси ноҳияи Қумсангир.

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур "Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020" тасдиқ карда шуд.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Дар анҷоми ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва дақиқсозии нақшаҳо барои соли 2016 ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сухтор ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми истиқбол аз соли нави мелодӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Барчаспҳо:
мушкилоти роҳҳо, ҳалли масоил, барномаи давлатии сармоягузорӣ, тасдиқи буҷаи соли 2016, ҷаласаи ҳукумат, президенти ҶТ, раиси ҳукумати ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Қумсангир, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ