04:24 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шӯъба дар бонк. Акс аз бойг

БМТ: аз Русия рубл интиқол мешавад, дар ҶТ сомонӣ пардохт мегардад

© Sputnik / Максим Богодвид
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Тибқи дастури нави Бонки миллӣ маболиғи интиқолие, ки бо рубли русӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба соҳибонашон бо сомонӣ пардохта хоҳанд шуд. Ин тасмим барои нигаҳдории қурби асъори миллӣ аз сар гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Бар асоси дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои интиқолие, ки бо рубли русӣ ба кишвар ворид мешаванд, ба соҳибонашон бо пули миллии сомонӣ пардохта хоҳанд шуд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ин ниҳоди танзимкунандаи сиёсати пулии кишвар.

"Ин тасмим ба шахсони воқеӣ, ки дар бонкҳо ҳисоб надоранд рабт дошта, вале ба пули ташкилотҳову афроди ҳуқуқӣ  дахл надорад",- меафзояд манбаъ.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин тадбир ба асъори хориҷӣ амсоли доллар ва доллар ва евро рабт надорад. Зимнан, дар дастури Бонки миллӣ аз созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқолу қабули пул тақозо шудааст, ки шурӯъ аз 2 феврал рублҳои воридшудашро ба соҳибонашон бо сомонӣ пардохт намоянд.

Ин иқдом ба манзури боло бурдани қурби пули миллӣ ва иҷрои моддаи 340-и Кодекси граждании Тоҷикистон дар мавриди истифодаи асъори миллӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар дохили кишвар сурат гирифтааст.

Чанде қабл дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумати Тоҷикистон низ райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки тамоми амалиёти харидуфурӯш дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ сурат бигирад. 

Мавзуъ

БМТ: пулҳои худро танҳо дар "нуқтаҳои расмӣ" иваз кунед
БМТ: Муътадилии қурби сомонӣ дар баробари ҷаҳиши нархи нафту тилло
Барчаспҳо:
тақвияти қурби сомонӣ, арзи миллӣ, пардохт бо сомонӣ, интиқоли рубл, БМТ, президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ