11:14 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Омӯзиши донишҷӯён дар Колеҷи сохтусоз ва ҳунар

БОР: Тоҷикистон бояд донишу технологияро рушд диҳад

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

БОР низ таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи дониш ба хотири кӯмак ба кишварҳо дар дастёбӣ ба рушди устувор ва фарогир зоҳир менамояд.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тоҷикистон бояд сабади истеҳсолот ва содироти худро замонавӣ кунад ва бештар ба тавсеаи малакаҳои касбӣ, дониш ва технологияҳо барои дастгирӣ аз рушди иқтисод таваҷҷуҳ кунад, омадааст дар гузориши нави БОР.

Тавре масъулини намояндагии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон мегӯянд, ин гузориш барномаи ташкилотҳои қарзӣ барои дастгирии дониш дар кишвар ба хотири тавсеаи иқтисод ва зерсохтҳои сармоягузориро тасвир менамояд.

"БОР иқдомеро таҳти унвони "Умури молии ++" пеш гирифтааст, ки дар доираи он бонк манобеи молии худро тавассути шариконаш барои афзоиш ва ва суръат бахшидан ба рушди самаранокии тавсеа илова менамояд", мегӯяд намояндаи расмии ин ниҳоди пулӣ дар кишвар Сӣ. Сӣ. Ю.

"БОР низ таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи дониш ба хотири кӯмак ба кишварҳо дар дастёбӣ ба рушди устувор ва фарогир зоҳир менамояд", — афзудааст ӯ.

Фаъолияти БОР дар Тоҷикистон ба ривоҷи шуғли самаранок тавассути шарикони давлатию хусусӣ ва таҳсилоти касбию техникӣ тамаркуз мешавад. Омили дигари муҳими он танаввуъ бахшидани иқтисод аст.

Инчунин барои идомаи тавсеаи зерсохтҳо, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту энергетика ва боло бурдани амнияти ғизоӣ ва баланд бардоштани мутобиқгардӣ ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин, БОР тарҳеро бо хазинаи 30 миллион доллар барои беҳбуди раҳбарӣ аз манобеъи об ва таҷдиди омодагии инсон ба тағйири иқлим дар минтақаи обтаъминкунии Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ омода мекунад, ки суди воҳидҳои кишоварзиро афзоиш медиҳад. 9 миллиони дигари кӯмакҳо барои таҳияи барномаҳои кашидани хатҳои роҳи оҳан пешбинӣ шудаанд.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда ва то ҳол бонк барои ин кишвар 1,3 миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок, кӯмакҳои бебозгашт ва кӯмакҳои фаннӣ ироъа кардааст. Ҳамкории БОР бо Тоҷикистон ба рушди иҷтимоӣ, бозсозии зербаноҳои қаблӣ ва сохтмони зербаноҳои ҷадид, тавсеъаи кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳову тиҷорати минтақавӣ мусоидат кардааст.

Барчаспҳо:
бурдан, боло, бардоштан, баланд, малака, дониш, содирот, истеҳсолот, сабад, технология, афзоиш, ғизо, омӯзиш, амният, иқтисод, нашри гузориш, Бонки осиёии рушд (БОР), Сӣ. Сӣ. Ю, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ