13:50 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Тоҷикистон тасмим дорад миёни вилоятҳои кишвар ва вилояти Қазоқистони шарқӣ ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ монад.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳокими вилояти  Қазоқистони шарқии ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахмедов, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.

Остона-шаҳри сулҳ. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Сергей Пятаков

Зимнан, дар нишаст масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии ҳар ду давлат, ки дар доираи тадбирҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо фарогирии муҳокимаи муҳимтарин масоили ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тиҷорат, саноат, энергетика ва илму техника нимаи аввали соли равон баргузор мегардад.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои роҳандозӣ кардани ҳамкории гуногунҷанба байни вилоятҳои   Тоҷикистон ва вилояти  Қазоқистони шарқии  Қазоқистон иброз доштанд.

Барчаспҳо:
додугирифти мол, гуногунҷабҳа, гардиши амвол, табодули амвол, ҳамкорӣ, ҳокимияти Қазоқистони шарқӣ, Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, Даниал Ахмедов, Азим Иброҳим, Остона, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ