21:52 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
191 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти кӯмак аз Хазинаи байналмиллалии асъор бояд чанд шартро қабул кунад, аз ҷумла қатъи назорати асъор, ислоҳоти бонкӣ дар бахши давлатӣ ва хусусӣ.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тоҷиикстон тасмим дорад аз Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) барои дастгирии рушди иқтисод $500 миллион қарз гирад, гуфт муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мусоҳиба бо Financial Times.

Нуралиев қайд кард, ки ихтисоси 500 миллоин доллар қарз барои ҶТ "амали саривақтӣ" хоҳад буд.

Аммо масъалаи ироаи ин миқдор пул аз сӯи Хазинаи байналмиллалии асъор то охир ҳал нашудааст.

"Феълан мо бо Сандуқи байналмилалии пул дар ин бора музокирот дорем"- иброз дошт Нуралиев.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки Душанбе бо дигар созмонҳои молиявии байналмиллалӣ низ гуфтушунидро барои дарёфти пул идома медиҳад.

Ҳамин тавр, Бонки осиёӣ моҳи декабри соли гузашта ба Тоҷикистон 60 миллион доллар ҷудо намуд ва айни ҳол гуфтушунид дар бораи ҷалби 30 миллион доллар аз Бонки ҷаҳонӣ ва 20 миллион доллар аз Бунёди АвруОсиё идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти кӯмак аз Хазинаи байналмиллалии асъор бояд чанд шартро қабул кунад, аз ҷумла қатъи назорати асъор, ислоҳоти бонкӣ дар бахши давлатӣ ва хусусӣ.

Вале дар сурати қабули ин шартҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳам ҳаҷми қарзи ХБА ба кишвар аз 500 миллион доллар камтар хоҳад буд.

Мавзуъ

ХБА ба БМТ кӯмак мекунад
Барчаспҳо:
500 миллион доллар, ироаи кӯмак, иқтисод, рушди иқтисоди Тоҷикистон, қарз, Хазинаи байналмилалии асъор, Сандуқи байналмилалии пул, БМТ, СБП, ХБА, Ҷамолиддин Нуралиев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ