00:31 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии Тоҷикистон низ бо тоҷирони ҳинд вохӯрда, имконоти ҷалби сармояҳои Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назризода бо ҳайати тоҷирони ҳиндӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрсоҳавии Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Дар мулоқот ҷонибҳо имконоти тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, инфрасохтор, гидроэнергетика, дорусозӣ, тиҷорат, маориф ва сайёҳиро матраҳ карда, ба масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дахл намуданд",- иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии вазорат.

Рӯзи гузашта дар пойтахти кишвар ҳайати Ҳиндустон бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии ҶТ Қодири Қосим вохӯрда, имконоти ҷалби сармояҳои Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист,  ҳайати тоҷирони Ҳиндустон чанд рӯз қабл ба Душанбе омада, дар Ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат карданд.

Барчаспҳо:
ҳиндуҳо, ҳамоиши тиҷорӣ, тиҷорат, соҳибкорон, ҳамоиш, мулоқот, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии ҶТ, вазирати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидраҳмон Назризода, Қодири Қосим, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ