18:45 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ

Ширкати олмонӣ ба таҷдиди кони "Шӯроб" кӯмак мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Барои татбиқи ин ду тарҳ ширкати олмонӣ беш аз 400 миллион доллар сармояи мустақим ҷудо менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур баъди ба анҷом расонидани асосноккунии иқтисодию техникӣ аз ҷониби ширкати олмонии «Фихнер», ки он дар зарфи як сол идома меёбад, оғоз мегардад.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ширкати "Hos Powertech International SDN BND"- и Олмон тасмим гирифтааст, дар шимоли Тоҷикистон бо сармоягузорӣ дар татбиқи ду тарҳ ширкат намояд.

Дар иртибот ба ин, вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии "Шӯроб"-ро миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Hos Powertech International SDN BND"- и Олмон ба тасвиб расонданд.

Масъулини ҳукумат мегӯянд, дар асоси ин шартнома ширкати олмонии "Hos Powertech International SDN BND" ду тарҳро дар шимоли мамлакат амалӣ менамояд, ки онҳо таҷдиди Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ангишт" (кони ангишти Шӯроб —Исфара) ва сохтмони неругоҳи барқи ҳароратии "Шӯроб" бо зарфияти тавлидотии 300 мегаватт неруи барқ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ мебошанд.

Барои татбиқи ин ду тарҳ ширкати олмонӣ беш аз 400 миллион доллар сармояи мустақим ҷудо менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур баъди ба анҷом расонидани асосноккунии иқтисодию техникӣ аз ҷониби ширкати олмонии "Фихнер", ки он дар зарфи як сол идома меёбад, оғоз мегардад.

Барчаспҳо:
корхонаҳо, маблағгузорӣ, сармоя, ширкати олмонии "Hos Powertech International SDN BND", Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Олмон, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ