02:56 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Қарзҳои хурд дар семоҳаи аввал 1 млрд. 59,5 млн сомониро ташкил доданд

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Ҳаҷми умумии қарзҳои хурди ба аҳолӣ додашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 1 млрд.59,5 млн сомонӣ расид.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба маълумоти расмӣ аз ҳаҷми умумии маблағи қарзҳои хурд, 199,8 млн. сомониаш ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.

Таҳлили маълумоти ҷамъбастии ташкилотҳои қарзӣ дар семоҳаи аввали соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 010,1 млн. сомониро ташкил намуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фисад зиёд мебошад.

Аз ин маблағ 4 милиарду 742,5 млн. сомонӣ ё 43,1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 267,6 млн. сомонӣ ё 56,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,65 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,44 фоизи солонаро ташкил намуда, бино ба гуфтаи таҳлилгарон хеле баланд ва миёншикананд.

Ҳолатҳои зиёди муфлисшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз ташкилотҳои қарзӣ барои коркард ва кишти замин маблағ мегиранд, мушоҳида шудаанд.

Мавзуъ

Бонкҳо муввазаф шуданд суди қарзҳоро тибқи қурби расмӣ бипазиранд
Барчаспҳо:
низоми бонкӣ, ташкилотҳои қарзӣ, маблағ, қарз, Бонкҳои хурди қарздиҳӣ, Бонки милии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ