00:16 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Дар доираи форум намояндагони ду кишвар муҳимияти тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо ва ташкили корхонаҳои нави муштаракро зарур арзёбӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҳамоиши доираҳои тиҷҷории соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар Душанбе  баргузор гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Дар ҳамоиш муовини раиси Палатаи саноат ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, сафири Туркия дар Тоҷикистон Акиф Айхан, намояндаи сафорати Туркия дар ҶТ Хакки Барутчу, намояндаи Ассамблеяи содиркунандагони Туркия (TİM) Бэсте Дэшенуэр ва ҳамчунин намояндагони дигар соҳаҳои иқтисодии ин кишвар ширкат доштанд.

"Ба Душанбе омадани намояндагони соҳаи иқтисод ва савдои Туркия-ин нишони боварӣ ба рушди соҳаи иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Беҳтарин бизнес ин савдо ба хотири савдо ва рушду пешрафти он аст",-қайд кард сафир.

Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш рушди дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба имзо расонидани шартномаҳо ва ташкил намудани корхонаҳои ҷадид бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ба қавли Рустамова, Туркия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи савдо ба шумор меравад.

"Ҳар ду кишвар ҳам барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ шароити хуб доранд. Барои ҳамин ҳам ин ҳамоиш қадами муҳимест дар рушди ҳамкориҳо ва барқарор намудани алоқаи иқтисодии байни Тоҷикистону Туркия",-гуфт ӯ.

Мавзуъ

Таҳримҳои Русия боиси поинравии арзиши маҳсулоти Туркия то 40% шудааст
Таҳлилгари Forbes дар бораи таъсири таҳримҳои Русия ба иқтисоди Туркия
Туркия ба Тоҷикистон 28 тонна маҳсулоти ғизоӣ ирсол кард
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои иқтисодӣ, миёни ду кишвар, ҳамоиш, ПСС, Хакки Барутчу, Акиф Айхан, Манзура Рустамова

Мавзӯъҳои асосӣ