06:31 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Давоми нуҳ соли ахир ба соҳаи истифодаи маъданҳои қаъри замини Тоҷикистон беш аз 765 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар нишасти саввуми Платформаи минтақавии давлатӣ ва хусусӣ дар мавзӯи "Заминаи қонунгузорӣ дар бахши истифодаи қаъри замин" дар Душанбе муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Анварӣ гуфт, тайи се соли оянда дар Тоҷикистон сохтмон ва мавриди истифода қарор додани як қатор корхонаҳо дар соҳаи истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ба нақша гирифта шудааст.

"Давоми солҳои 2016-2018 бунёди 2 корхонаи коркарди нафт (бо иқтидори ҳудуди 2 млн. тонна), 3 корхонаи истеҳсоли семент (бо иқтидори беш аз 3 млн. тонна), 3 корхонаи саноати кимиё, корхонаҳои коркарди металлҳои ранга (бо иқтидори 1,4 ҳазор тонна тилло), корхонаи бузурги металлургӣ (бо иқтидори 50 ҳазор тонна руҳ ва 50 ҳазор тонна сурб) ва боз 1 корхонаи металлургӣ (бо иқтидори 400 ҳазор тонна) дар назар аст", — қайд кард бону Анварӣ.

Ба қавли ӯ, муваффақона амалӣ сохтани ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки дар ҶТ беш аз 4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб карда шавад.

"Амалисозии сиёсати аз ҷониби ҳукумат роҳандозишуда дар саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон метавон раҳо кард ва барои содироти онҳо замина муҳайё намуд", — афзуд номбурда.

Ба иттилоъи бону Анварӣ, тайи 9 соли ахир ба соҳаи истифодаи маъданҳои қаъри замини Тоҷикистон беш аз 765 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ таъкид дошт, ки бо мақсади коркарди конҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли семент, рушди бахши металлургия ва ғайра ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорони бузург 6 созишнома ба имзо расонидааст.

Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ