10:03 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
4300

Дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд, ки мувофиқи нишондодҳои нимсолаи авввали соли 2016 истеҳсоли алюминий ба 73,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, то охири соли равон ба 156 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Истеҳсоли алюминий дар давоми соли 2016 то 11% зиёд карда хоҳад шуд, хабар дод ба рӯзноманигорон муовини вазири вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод.

"Мувофиқи нишондодҳои ниҳоии имсола то охири соли равон истеҳсоли 156 ҳазор тонна алюминий дар назар аст, соли 2015 ин нишондод ба 140,447 ҳазор тонна расида буд",-гуфт ӯ. Дар баробари ин ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминий дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 73,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015-13,6% зиёд мебошад.

Давлатзод қайд намуд, ки дар саросари ҷаҳон тамоюли кам шудани талабот ба алюминий ва мутаносибан коҳиши нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мушоҳида расида, ин ба иқтисоди кишварҳои мутараққӣ вобаста аст, масалан дар кишварҳои дорои саноати мошинсозӣ, ки дар он аз алюминий истифода мешавад.

"Ҳама гуна камшавии талабот ва паст шудани нархи ҷаҳонӣ дар бастагӣ бо паст шудани ҳаҷми истеҳсолот вобастагӣ дорад, вале ба ин нигоҳ накарда, пешгӯиҳо мусбатанд. Аммо ҳамааш боз аз талаботи бозор вобаста хоҳад буд. Дар умум нархи ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар-пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ноустувор аст",-қайд кард ӯ.

Муовини вазир гуфт, ки аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал ҳиссаи алюминий дар байни маҳсулотҳои содиротӣ 26%-ро ташкил дод. Дар  давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 73,5 ҳазор тонна алюминий содирот шудааст, ки дар муқоиса бо 6 моҳи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нисбат ба соли гузашта нархи алюминий 239 доллар арзонтар шуд.

"Агар ба арзиши алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ назар андозем, имрӯз 1 тоннаи он бо нархи 1645 доллари ИМА фурӯхта шуда, нархи миёна давоми соли равон 1542 $-ро ташкил дод", — қайд кард Двалатзода.

Истеҳсоли алюминий дар соли 2015 15 % зиёд шуд
© Sputnik
Истеҳсоли алюминий дар соли 2015 15 % зиёд шуд

Мавзуъ

Корхонаи алюминий- пешоҳанги иқтисоди Тоҷикистон
Барчаспҳо:
боло рафтани истеҳсоли алюминий, "Ширкати Алюминийи Тоҷик", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ