02:20 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Тангаҳо ва асъори пулӣ. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз Бонки рушди АвруОсиё 40 миллион доллар “кредит” мегирад

© Sputnik / Владимир Трефилов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Интиқоли маблағи пулӣ ба ҷумҳурӣ барои дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ дар ду зина баргузор мегардад ва дар охири ҳамин моҳ, аввали моҳи оянда ба нақша гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Шӯрои Хазинаи эътидол ва рушди АвруОсиё  ба Тоҷикистон қарзи буҷҷавӣ медиҳад, иттилоъ дод хадамоти матбуотии Бонки рушди АвруОсиё.

"Қарзи молиявӣ ин воситаи муҳими дастгирии ислоҳоти иқтисодии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад",- омадааст дар матни хабарӣ.

Маблағи пулӣ дар ҳаҷми 40 миллион доллар дар ояндаи наздик ба мамлакат бо 2 вом ба маблағи 20 миллион долларӣ интиқол дода мешавад: дар охири моҳи август ва аввали сентябри соли равон.

Қаблан хабар дода шуд, ки сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода, вазири молия Абдусалом Қурбониён ва мудири Раёсати БРА Дмитрий Панкин имконияти ҷалби сармоягузориро барои таҷдиди нерӯгоҳи барқӣ обии Норак муҳокима карда буданд.

Бонки рушди АвруОсиё ташкилоти молиявии байналмиллалиест, ки аз ҷониби Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 барои рушди ҳамкориҳои иқтисоди кишварҳои аъзо бо мақсади рушди устувори иқтисодии онҳо ва васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  ташкил карда шуд.

Хазинаи эътидол ва рушди АвруОсиё — ин механизми молиявии минтақавӣ бо иқтидори 8,513 миллиард доллар ИМА мебошад, ки соли 2009 аз тарафи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Мавзуъ

Коршиносони БАОР: сармоягузорӣ ба таъмини об суди секарата медиҳад
Барчаспҳо:
40миллион доллар, қарз, Шӯрои хазинаи эътидол ва рушди АвруОсиё, БАОР, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ