Хазинаи байналмилалии асъор метавонад “Тоҷиксодиротбонк”-ро наҷот диҳад

© SputnikБинои Бонки милии Тоыикистон
Бинои Бонки милии Тоыикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони бонки тоҷикӣ ва намояндаи Хазинаи байналмиллалии асъор Пол Росс мусоҳиба намуданд.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Роҳбарияти  "Тоҷиксодиротбонк" ба мӯҳтарам Россу дар бораи беҳтар гаштани ваъияти молии ин муассиса нақл намуд.

"Тарафҳо дар бораи манфиатҳои ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими онҳо ва расонидани кӯмак дар чорчӯбаи барномаи маблағгузории ХБА сӯҳбат намуданд",- омадааст дар хабар.

"Тоҷикистон" тайи чанд моҳи ахир аст, ки дар вазъи мушкили молиявӣ қарор дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон роҳбарияти муваққатии худро ба "Тоҷиксодиротбонк" ворид намудааст.

"Ин чорабинӣ барои он андешида шудааст, ки бонк пурра барқарор гардад",- омадааст дар хабари БМТ.

Дар баномаи наҷот додани "Тоҷиксодиротбонк"  ғайр аз ХБА ва БМТ  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муҳокима карда истодааст. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки БАТР якҷоя бо Хазинаи байналмиллалии асъор ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар ташкил намудани барномаи дастгирии "Тоқиксодиротбанк" ҷалб карда мешаванд.

Пештар коршинос қайд карда буданд, ки сабаби ба амал омадани мушкилиҳо дар бонкҳои Тоҷикистон дар он аст, ки муҳоҷирон аз Украина ва Русия дигар камтар маблағ равон мекунанд.

 




 

Лентаи хабарҳо
0