02:20 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Асъори пулӣ. Акс аз бойгонӣ

Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон кам шудааст...

© Sputnik / Михаил Кутузов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
3110

Дар давоми се моҳаи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон камтар маблағ фиристода шудааст. Вале дар ҳамин ҳол Тоҷииктсон аз байни дигар кишварҳои минтақа дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Аз нишондодҳои омории бонки марказии Русия бармеояд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Ҷолиби диққат аст, ки интиқоли маболиғ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар семоҳаи дуюм нисбат ба семоҳаи аввал то 563 миллион доллар афзудааст. Ҳамин тавр ҳаҷми умумии интиқоли маблағ 2,438 миллиард долларро ташкил дод.

Дар давоми семоҳаи дуюми соли 2016 ба Тоҷикистон 495 миллион доллар интиқол дода шудааст. Бо чунин нишондод Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа ҷои дуюмро ишғол мекунад. Аз ҳама зиёд бошад аз Русия ба Узбакистон-696 миллион доллар  равон карда шудааст.

Қирғизистон бо (487 миллион доллар) дар ҷои сеюм буда, ба Қазоқистон-(151 миллион доллар) ва Туркманистон-(3 миллион доллар) интиқол дода шудааст.

Ҳаҷми миёнаи интиқоли пул ба Тоҷикистон 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маоши муҳоҷир.

Дар умум аз аввали сол ба Тоҷикистон 598 миллион доллар, Узбакистон-952 миллион доллар, Қирғизистон-637 миллион доллар, Қазоқистон-203 миллион доллар равон карда шудааст.  Ҳаҷми камтарини маблағ ба Туркманистон-5 миллион доллар рост меояд.

Ҳамин тавр дар қиёс бо семоҳаи аввали соли 2015 ҳаҷми интиқоли маболиғ ба Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон кам шуда, ба Қирғизистон ва Қазоқистон баръакс зиёд шудааст.

Мавзуъ

Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Барчаспҳо:
коҳиш ёфтани интиқоли маблағ, БМР, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ