21:21 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Автомошинаҳои нав. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон мошинҳои нав арзон мешаванд

© Sputnik / Сергей Венявский
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
116750

Дар Тоҷикистон андози гумрукӣ барои ворид намудани мошинҳои нав аз соли 2017-50% арзон карда шуда, андоз барои ширкатҳои сайёҳӣ бекор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2017 андоз барои мошинҳои нав 50% арзон мешавад, изҳор дошт президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи  паёми солона ба вакилон.

"Барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин президент ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ пешниҳод кард, то ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз дар панҷ соли аввал озод карда шаванд.

"Ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд",-изҳор дошт президенти ҶТ.

Дар баробари ин раисҷумҳури Тоҷикистон воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳиро аз пардохтҳои андозию гумрукӣ озод намуд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
Ҳалокати як сайёҳ ва захмӣ шудани 11 нафар дар Доғистон
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?
Барчаспҳо:
бекор кардани андоз, 50 %-и андоз, рушди соҳаи сайёҳӣ, иқтисод, арзоншавӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ