Раҳмон бо роҳбари Хазинаи асъор дурнамои рушди иқтисодиётро муҳокима кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Ҷонибҳо зимни суҳбат ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, аз қабили шиддатгирии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд",-омадааст дар иттилоия.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз Каъба то Ҳинд: сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба мамолики хориҷ

Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.

Густариш ва рушди бемайлони ҳамкориҳо дар оянда барои ҳар ду ҷониб судбахшу боровар арзёбӣ гардида ба сатҳи шарикии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар давоми 23 соли охир баҳои баланд дода шуд.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карда, вохӯриро иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти густурдаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор арзёбӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0