08:16 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Сомонӣ,акс аз бойгонӣ

Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2016 - 52 миллион доллар кам шуд

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Ин зарар – 9,6% камомад дар боҷҳои гумрукӣ дида мешавад, ки аз кам шудани содироти мол ба амал омадааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2016 нисбат ба соли 2015,  407 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудаст(қариб 52 миллион доллар).

Чунин зарар — 9,6%  вобаста ба норасоии боҷҳои ба нақша гирифташуда мебошад, хабар дод дар нишасти матбуоти муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТ

Ҳамин тавр дар соли 2016 ҳамагӣ 3,8 миллиард сомонӣ,  ба ҷойи 4,2 миллиард сомонии ба нақша гирифташуда (зиёда аз 537,7 миллион доллар) ҷамъ оварда шудааст.

Ба гуфтаи Каримзода сабаби чунин камомад кам шудани ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ, аз ҷумла кам шудани ҳаҷми молҳое, ки аллакай дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд(семент, қолин, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, орд) ва ҳамчун паст шудани нарх ба содирот мебошад.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар соли 2016 — 3 миллиард долларро ташкил мекунад, ки назар ба соли 2015 11,8% (404 млн доллар) камтар аст.

Ҳамчунин ба гуфтаи муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон яке аз сабабҳои дигар камомади буҷа ин қиммат будани интиқоли маҳсулот ва воситаи роҳҳои оҳани Ӯзбакистон ва шароити номусоиди Афғонистон мебошад, ки аз ҳудуди он интиқоли мол аз Эрон ва Покистон суръат мегирад.

Дар паёми солонаи хеш ба парлумон  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки ҳаҷми ММТ 4 дараҷа зиёд гардидааст ва сатҳи камбизоатӣ 3 маротиба коҳиш ёфтааст.

Ҳамчун гардиши мол байни Тоҷикистон ва Русия дар нимсолаи аввали 2016 нисбат ба соли 2015 22,3% камтар шудааст. Дар Маскав ин нишондодро муваққатӣ медонанд.

Бонки ҷаҳонӣ аҳволи кишварҳои Осиёи Миёнаро дар соли 2017 бад хондааст.

Бонк  қайд кардааст, ки барои баланд бардоштани иқтисоди кишвар бояд дар Тоҷикистон ислоҳоти сохторӣ гузаронид.

Барчаспҳо:
камомад, буҷаи давлатӣ, Хуршед Каримзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ