18:59 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ Сирил Мюллер

Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот кард

© Flickr/ официальная страница пресс-службы президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
4810

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Ҷонибҳо доир ба татбиқи самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ табодули афкор карда, таҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар айни замон лоиҳаҳои фаъоли бонк ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.

Манбаъ мегӯяд, ки дар давоми 23-соли шарикӣ  Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок ҳамкории манфиатбор ба роҳ монда, дар ин муддат қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмакҳои техникии зиёд пешниҳод намудааст.

Ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқии обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамзамон рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегияҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавзуъ

Бонки ҷаҳонӣ: пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон осонтар шудааст
Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмакӣ фаннӣ мекунад
Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои 4 тарҳ ба Тоҷикистон $ 47 млн ихтисос медиҳад
Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи $323 млн тарҳҳоро иҷро мекунад
Барчаспҳо:
баррасӣ, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ