13:14 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Муовини сарвазири Русия Игор Шувалов. Акс аз бойгонӣ

Шувалов дар Душанбе хонаи “савдо” мекушояд

© Sputnik / Сергей Субботин
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
21820

Ифтитоҳи намояндагии хориҷии маркази содироти Русия бо иштироки муовини сарвазири ФР Игор Шувалов имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Душанбе иҷлосияи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов санаи 27-уми январ баргузор мешавад.

Дар доираи вохӯрӣ бо иштироки Шувалов имрӯз ифтитоҳи маркази содироти Русия дар Душанбе дар назар аст, хабар дод сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба РИА Новости.

"Намояндагии маркази содироти Русия дар кишварҳои дорои афзалиятҳои иқтисодӣ, тибқи консепсия кушода мешавад. Тоҷикистон яке аз муҳимтарин давлатҳои ИДМ барои пешбурди савдои Русия ба шумор меравад ",-гуфт ба оҷонсӣ намояндаи ФР дар Душанбе.

Хонаи савдои содироти Русия бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикитону Русия ташкил мешавад.

"Аз байни хизматрасониҳои асосие, ки хонаи савдо пешниҳод мекунад — мусоидат ба дарёфти харидорон ва ҳамкорон, музокирот, дастгирии ширкатҳои иқтисодӣ, муаррифии ширкатҳои русӣ, барои шарикони эҳтимолӣ дар Тоҷикистон.  Аллакай хонаи савдо 20 лоиҳаи ҷониби Русияро бо маблағи умумии 33 милллион доллар дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда, 20 лоиҳаи дигар дар сатҳи таҳқиқи қарор доранд",-илова кард мусоҳиб.

Мавзуъ

Шувалов: қонунҳои муҳоҷирати меҳнатиро набояд аз рӯи ҷанг дигар кард
Барчаспҳо:
ташкили Хонаи савдо, Игор Шувалов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ