10:50 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар. Акс аз бойгонӣ

Ба Тоҷикистон биёед: “презентатсия”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар

© Flickr/ Официальный сайт президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
28321

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорони давлати Қатар, Тоҷикистонро ҳаматарафа муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар рафти сафари расмӣ ба давлати Қатар раисҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои сармоягузориву молиявии Қатар сӯҳбат анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар рафти мулоқот Эмомалӣ Раҳмон диққати намояндагони Қатарро ба бойгарии табии Тоҷикистон-об, табиати ҳосилхез, лоиҳаҳои энергетикӣ, соҳаи сайёҳӣ ва ғайра ҷалб намуд.

Рушди иқтисод ва 240-сабукӣ

Ба қавли раисҷумҳури Тоҷикистон тибқи гузориши созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.

Президенти ҶТ гуфт, ки соли гузшта бо  вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат таъмин гардида, афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,9 ва сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил дод.

"Тайи даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвар  беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд",-гуфт президенти ҶТ.

Эмомалӣ Раҳмон "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"-ро муаррифӣ намуд.

Президент истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти тару тоза ва нахи пахтаро алоҳида зикр кард.

Ӯ аз сабукиҳо барои сармоягузорн ёдовар шуда, гуфт ки доираи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ кардааст.

Ҳамчунин сарвари давлат қайд намуд, ки Қонунгузории ҷорӣ дар самти сармоягузорӣ такмил ёфта, муҳлатҳои имтиёзнок барои сармоягузорон аз 5 то 10 сол зиёд карда шудаанд.

Об ва КАСА-1000

Раисҷумҳури Тоҷикистон намояндагони Қатарро аз афзудани таваҷҷӯҳ ба сарвати асосии табии Тоҷикистон — об огоҳ кард.

Нерӯи барқи обӣ имрӯз  98 фоизи ҳаҷми умумии энергияи дар кишвари мо истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад.

"Соли гузашта мо дар Тоҷикистон бо роҳбарони Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ба сохтмони хатти минтақавии интиқоли нерӯи барқ — КАСА-1000 оғоз бахшидем",-гуфт президент.

Ин лоиҳа шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо онҳо ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат менамояд.

Сайёҳати кӯҳӣ

Тоҷикистон, баробари ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ табиати зебо ва имкониятҳои нотакрори саёҳатӣ, махсусан туризми кӯҳиро дорад.

Дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳа  низоми раводиди электронӣ  барои сайёҳони хориҷӣ роҳандозӣ гардида, барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст.

Таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар онҳо идома дорад.

Ба қавли раисҷумҳур шумораи сайёҳон тайи солҳои охир мунтазам афзоиш ёфта то ба 500 ҳазор нафар расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки миқдори сайёҳон то ба 1 миллион нафар расонида мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз таъсиси сохтори алоҳида оид ба туризм ёдрас шуд.

Ҳамзамон бо ин, воридоти таҷҳизоту маводи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳии навтаъсис дар панҷ соли аввали фаъолияташон дар Тоҷикистон аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд. 

Ба Тоҷикистон биёед

Дар охир раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҳарду ҷониб судманд намояндагони давлати Қатарро дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон даъват кард.

Мавзуъ

Қатар мехоҳад, дар Тоҷикистон бунёдҳои сармоягузории худро дошта бошад
Пешниҳоди Қатар ба Тоҷикистон: таъсиси бонки муштарак бо $500 миллион
Муаррифии бештари Тоҷикистон дар Арабистон. Тариқи Интернет
Барчаспҳо:
доираҳои тиҷҷорӣ, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Қатар

Мавзӯъҳои асосӣ