14:25 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
6210

Дар ҳошияи Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҳамчунин дар мулоқот масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар Афғонистон баррасӣ шуд.

Мавзуъ

Пешниҳоди Раҳмон ба СҲИ: ташкили барномаи махсус барои муҳофизат аз офатҳои табиӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафт
Тоҷикистон дар интизори муколамаи сатҳи олӣ бо Покистон аст
Тоҷикистон ва Покистон тендерҳои лоиҳаи CASA-1000-ро муҳокима мекунанд
Барчаспҳо:
баррасии ҳамкориҳои дуҷониба, мулоқот, Навоз Шариф, Эмомалӣ Раҳмон, Исломобод

Мавзӯъҳои асосӣ