06:17 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Дулор ва рубли русӣ, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи ҳаволаи пул дувум аст

© Sputnik / Владимир Трефилов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
8601

Ҳаҷми интиқоли пул аз сӯи шахсони воқеъӣ нисбат ба соли 2015 сездаҳ дарсад камтар шудааст

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Бонки марказии Русия эълом кард, ки Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар миёни кишварҳои ҳамсуд (ИДМ) дувум аст.

Бино ба гузориши БМР, ашхоси воқеъӣ дар соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон 1,929 милёрд дулор интиқол додаанд.

Дар соли 2015 ин рақам 2,220 милёрд дулор ташкил мекард. Дар натиҷа ҳаҷми интиқоли пул дар як сол 13 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2016 аз Русия ба Узбакистон 2,741 милёрд дулор интиқол дода шуд ки нисбат ба соли 2015 11 дарсад камтар аст.

Муҳоҷирони кории Қирғизистон ҳам дар соли гузашта аз Русия 1,7 милёрд дулор ба кишварашон интиқол додаанд.

Барчаспҳо:
интиқоли пул, Бонки марказии ФР, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ