Тоҷикикстон ҳамчунон ниёз ба сармоягузории Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа дорад

© Фото : Аз хадамоти матбуоти президенти ҶТМулоқот бо Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт
Мулоқот бо Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа Филипп Беннетт ва раҳбари нави намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон Айтен Рустамова мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар ин мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол бошад, ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши энергетика ва тақвияти нерӯи истеҳсолию содиротиро аз ҳадафҳои муҳими рафъи таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, маънидод карданд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо бонк, дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳрҳо, рушди бахши хусусӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба хотири фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ қабул гардидааст ва имкониятҳои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои лоиҳаҳои бахшҳои энергетика, нақлиёт, соҳибкорӣ ва молиявӣ дар ин стратегия аз ҷониби Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави намояндагии Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова баҳри амалигардонии ҳадафҳои муштарак комёбиҳо орзу намуд.

Лентаи хабарҳо
0