Русия чархболҳояшро дар Тоҷикистон намоиш дод

© Фото : официальный сайт "Вертолеты России"Чархболи Ка-226Т. Акс аз бойгонӣ
Чархболи Ка-226Т. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сохтмони ширкати ҳавопаймоиии “Тоҷик Эйр” маросими рӯнамоии чархболҳои сабуки сохти Русия баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ширкати "Вертолёты России" (Чархболҳои Русия) дар Душанбе чархболҳои сохти худро муаррифӣ кард.

Маросими муаррифии чархболҳо дар сохтмони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" баргузор гардид. Дар ин маросим, ки бо ширкати намояндагони  Вазорати дифоъ, Вазорати умури дохила ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон баргузор шуд, чархболҳои Ми— 8/17, Ка—226Т ва "Ансат" намоиш дода шуданд.

Филипп Галнбек, раҳбари бахши бозорёбии ширкати русӣ, дар суханронияш таъкид кард, ки "дидор бо намояндагони ширкати "Тоҷик Эйр" ва дигар созмонҳо имкон медиҳад, то ҳамкориҳо дар заминаи хариду фурӯшу сохту сервисрасонии чархболҳо ва дигар намуди ҳавогардҳо густариш ёбад".

© Фото : официальный сайт "Вертолеты России"Чархболи Ми-8/17. Акс аз бойгонӣ
Чархболи Ми-8/17. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Чархболи Ми-8/17. Акс аз бойгонӣ
© Фото : официальный сайт "Вертолеты России"Чархболи "Ансат". Акс аз бойгонӣ
Чархболи Ансат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Чархболи "Ансат". Акс аз бойгонӣ
© Фото : официальный сайт "Вертолеты России"Чархболи Ка-226Т. Акс аз бойгонӣ
Чархболи Ка-226Т. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Чархболи Ка-226Т. Акс аз бойгонӣ
1/3
Чархболи Ми-8/17. Акс аз бойгонӣ
2/3
Чархболи "Ансат". Акс аз бойгонӣ
3/3
Чархболи Ка-226Т. Акс аз бойгонӣ

 

Лентаи хабарҳо
0