Тоҷикистон аз Узбакистон худрав мехарад

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкХудрави RAVON дар намоишгоҳ
Худрави RAVON дар намоишгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати тоҷикиии "Тоҷ Моторс" ва ширкати худравсозии “Узсавтосаноат” дар мавзуъи ҳамлу интиқоли худрав ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи хариду фурӯши худрав ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши дафтари матбуъотии Утоқи бозаргониву саноъеи Тоҷикистон, ин тавофуқ дар чорчӯби ҳамоиши бозаргоние ба даст омад, ки дар ҳошияи нахустин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Душанбе баргузор шуд.

Тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои савориро мудири ширкати "Тоҷ Моторс" Зиё Алигулов ва мудири иҷроии ширкати саҳҳомии "Узавтосаноат" Сарвар Қодиров имзо кардаанд.

Маблағи куллии ин тавофуқнома ошкор нест ва ҳануз дониста нест, ки кадом яке аз модеоҳои худрави "Ravon" ва ё дигар худравро дар Тоҷикистон хоҳанд фурӯхт.

Гуфтанист, дар соли 2016 ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистону Узбакистон 5,7 баробар бештар шуду 69,2 милюн дулорро ташкил дод, ки дар торихи равобити ду кишвар бесобиқа аст.

"Таҷ Моторс" фурӯшандаи расмии худравҳои ширкати "Toyota" дар Тоҷикистон аст.

"Равон" ширкати худравсозии Узбакистон аст, ки соли 2015 бунёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0