Коршинос: худравҳои узбакӣ дар Тоҷикистон харидор доранд

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПрезентация нового автомобильного бренда RAVON
Презентация нового автомобильного бренда RAVON - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худравҳои сохти Узбакистон дар бозори Тоҷикистон арзонтар аз худравҳои сохти дигар кишварҳо хоҳанд буд, мегӯяд коршиноси мустақил дар умури иқтисодӣ Фирӯз Саидов

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Чанде пеш дар Душанбе нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор шуд, ки дар чорчӯби он ҳамчунин ҳамоиши корофаринони ду кишвар бар по шуд. Дар паи ин ҳамоиш ширкатҳои санъативу бозаргонии ду кишвар қарордодҳое ба маблағи куллии 35 милюн дулор бастанд, ки яке аз онҳо тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои "Ravon" миёни ширкатҳои "Тоҷ Моторс" ва "Узавтосаноат" аст.

Қарор аст дар наздиктарин моҳҳо намояндагии корхонаи худравсозии "Ravon" дар Тоҷикистон боз шавад. Коршиноси мустақил Фирӯз Саидов бар ин бовар аст, ки худравҳои "Ravon" дар бозори Тоҷикистон харидор хоҳанд дошт.

"Ин худравҳо, эҳтимолан, арзонтар аз дигар худравҳо фурӯхта шаванд. "Ravon" дар Тоҷикистон харидор дорад, зеро нисбат ба дигар худравҳо камтар ҳавоолудакунанда ва арзонтар аст", — мегӯяд Саидов.

Ин иқтисоддон таъкид кард, ки худравҳои савории сохти Узбакистон на танҳо дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб фурӯхта мешаванд, балки онҳоро дар Русия низ бисёр мехаранд.

"Аз ин рӯ фикр мекунам, ки худравҳои "Ravon" дар Тоҷикистон низ хуб фурӯхта хоҳанд шуд. Бисёре мехоҳанд ин худравро бихаранд", — мегӯяд вай.

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкХудрави савории Ravon R4 дар маросими рӯнамоии худравҳои RAVON дар Маскав.
Презентация нового автомобильного бренда RAVON - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Худрави савории Ravon R4 дар маросими рӯнамоии худравҳои RAVON дар Маскав.
© SputnikХудрави савории Ravon R2 дар маросими рӯнамоии худравҳои RAVON дар Маскав.
Автомобиль Ravon R2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Худрави савории Ravon R2 дар маросими рӯнамоии худравҳои RAVON дар Маскав.
© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкБренди худравҳои RAVON, акс аз бойгонӣ.
Автомобильный бренд RAVON, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Бренди худравҳои RAVON, акс аз бойгонӣ.
1/3
Худрави савории Ravon R4 дар маросими рӯнамоии худравҳои RAVON дар Маскав.
2/3
Худрави савории Ravon R2 дар маросими рӯнамоии худравҳои RAVON дар Маскав.
3/3
Бренди худравҳои RAVON, акс аз бойгонӣ.

Фирӯз Саидов ҳамчунин афзуд, ки харидорон дар Тоҷикистон низ пеш аз ҳама қимати худравро нигоҳ мекунанд, вале дар ҳар сурат, худравҳои саворӣ дар кишвар ҳамеша харидор доштаву доранд.    

Лентаи хабарҳо
0