Тиҷорат ва гардишгарӣ: дидори Рустам Эмомалӣ бо ҳайъати Узбакистон

© Фото : Сайт правительства ДушанбеВстреча узбекской правительственной организацией с Рустамом Эмомали
Встреча узбекской правительственной организацией с Рустамом Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ рӯзи 21 июн бо ҳайъати Узбакистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов дидор кард

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбакистон муҳокима шуд.

Ҷонибҳо хостори рушди ҳамкориҳо дар бахши гардишгарӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбеву Тошканд, таъсиси "Хонаи савдо"-и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва "Хонаи савдо"-и Тошканд дар Душанбе шуданд.

Масаъаи дигари мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Узбакистон буд.

Таъкид шуд, ки ҳар ду ҷониб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, техникаи коммуналӣ ва  кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои маишӣ ва ғайра шароит доранд.

Лентаи хабарҳо
0