05:02 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Ҳамоиш дар Олмон

Тавсифи вакили олмонӣ аз Тоҷикистон ва даъват ба сармоягузорӣ

© Фото : Аз равобити умумии ВКх ҶТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
7710

Вакили олмонӣ, гуфтааст, ки Тоҷикистон дар солҳои охир дар ҳама самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст ва захираву имкониятҳои зиёди иқтисодӣ дорад. Ӯ доираҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Олмонро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 4 июл  - Sputnik. Дар замини федеролии Ҳамбурги Олмон дар чорчӯби таҷлили 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ҳамоише дар мавзӯъи "Ваҳдати миллӣ — асоси рушди миллии Тоҷикистон" доир гардидааст.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ, дар ин ҳамоиш доираҳои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, вакилони Бундестаг, корпуси дипломатӣ, аъзоёни ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷуён ширкат кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳамоишро сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов ифтитоҳ карда, ба ҳозирин оид ба талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ  иттилоъ додааст.

Ӯ ҳамчунин ба ҳозирин нуқтаҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2030 муаррифӣ карда, таъкид кардааст, ки Олмон ба ҳайси шарики муҳими Тоҷикистон дар Аврупо омодагии худро барои мусоидат ба амалӣ гардидани бандҳои Стратегияи миллии рушд иброз кардааст.

Дар ҳамоиш вакили Бундестаги Олмон ҷаноби Юрген Климке сухан карда, аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон (аввали моҳи июни соли ҷорӣ) маълумот додааст.

Ӯ гуфтааст, ки Тоҷикистон дар солҳои охир дар ҳама самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст ва захираву имкониятҳои зиёди иқтисодӣ дорад.

Вакили олмонӣ аз доираҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Олмон даъват кардааст, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Мавзуъ

Насим Олимзода дар Олмон иҷрои тарҳҳои беҳдоштиву иҷтимоъиро баррасӣ кард
Таҳсили ройгон дар Олмон: озмун барои донишҷӯёни тоҷик
Умеди Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳо бо Олмон
Барчаспҳо:
20-солагии Ваҳдати миллӣ, ҳамоиш, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, Маликшоҳ Неъматов, Олмон

Мавзӯъҳои асосӣ