02:20 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Зарина Раҳмон, яке аз фарзандони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, муъовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" таъйин шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Номи шашумин духтари раисҷумҳури Тоҷикистон дар вебгоҳи расмии ҶСК "Ориёнбонк" дар бахши "Роҳбарият" оварда шудааст.

Раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, аст.

Зарина Раҳмон 23-сола аст. Вай дар Бритониё таҳсил кардаву дар соли 2010 чанд моҳе дар бахши инглисии барномаи "Ахбор" дар шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон коромӯзӣ карда аст. Ӯ дар соли 2013 бо Рамз Зуҳуров, писари калонии Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, издивоҷ кард.

Ҳамзамон бо Зарина Раҳмон, Шуҳрат Исматуллоев ва Одилшо Кабиров низ муъовинони раиси ҶСК "Ориёнбонк" мансуб шудаанд.

Мавзуъ

Озода Раҳмон, духтари президент узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Рустам Эмомалӣ расман шаҳрдори Душанбе шуд
Барчаспҳо:
Раҳмон, ҶСК "Ориёнбонк", Зарина Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ